суббота, 22 декабря 2012 г.


Чӣ шабе!
ситорагон чашмак мезананд.
Дареғ,падарам нобино шуда!

***
چه شبی!
ستاره ها چشمک می زنند 
دریغ پدرم نابینا شده

***


Какая ночь!
Звезды подмигивают.
Жаль, отец ослеп...

четверг, 20 декабря 2012 г.


Меравӣ?
Бо худ бибар
Сардии зимистонро

***


میروی؟
با خود ببر 
سردی زمستان را!
***


Уходишь?
Забери с собой
холод зимы.

среда, 19 декабря 2012 г.

Чашмони падарам



          

Ту нагуфтӣ боре,
чӣ қадар дӯстам дорӣ!
Ман нагуфтам , боре,
чӣ қадар дӯстат дорам!
Аз нигоҳат мехондам
ояҳои дӯст доштани туро.
Аз нигоҳам мехондӣ
ояҳои дӯст доштани маро.
                 2
Ту дигар дар ғами ман
ту дигар аз ғами ман
бохтӣ биноиятро..
Модарам гашта кунун чашмонат
Додарам гашта кунун чашмонат
Хоҳарам гашта кунун чашмонат..
               3

Ва ман..
Кош метавонистам
ҳар ду чашмамро бароят ҳадя кунам.
Медонам чунин ҳадяро қабул нахоҳӣ дошт..
Пас бигир як чашмамро
Пас бигир як чашмамро
Он нигаҳро ба ман баргардон
В- ин нигоҳи маро бихон...

суббота, 8 декабря 2012 г.