шеъргуна
пятница, 25 мая 2012 г.
Ҳайкугуна
Ман аз Ту менависам,
Тамоми м
ан оҳиста-оҳиста Ту мешавад..
Биё, то туро бо Ту ошно кунам!
Ҳайкугуна
Мегурезанд рангҳову тобишҳо,
Аз қолаби тасовираш...
Тасвиргаре ҷавон!
Ҳайкугуна
Тамоми шаб нахуфтам.
Интизор будам,
Таваллуди шабнамро.
суббота, 21 апреля 2012 г.
Мебарам туро,
болотар аз хонаи Худо,
то ба хонаи Ишқ!!!
четверг, 29 марта 2012 г.
Охирин умед
Охирин умед
Шохе буду
шикаст.
Гарде буду
нишаст...
Биншаста Ӯ кунун
Хомӯшу бесадо.
Уммеди беҳшавӣ,
Ӯ дорад аз Худо!
вторник, 14 февраля 2012 г.
Биё
Чашмам ба сӯи дар медавад ,
биё!
Дастам ба дасти дар меравад,
биё!
Қалбам гирифтааст аз чунин
сукут
Ҳон, менаоӣ ар, мекафад,
биё!
Вақте
мекашӣ сар
аз жарфи як шеър
як тарона
як мусиқӣ
атрофро
пур мекунӣ аз шавқ
аз меҳр
аз ишқ .
Вақте
мебарӣ сар
бар жарфи як шеър
як тарона
як мусиқӣ
шеърро
таронаро
мусиқиро мекунӣ шавқбору
меҳрдору
ишқсор .
Предыдущие
Главная страница
Подписаться на:
Сообщения (Atom)