четверг, 13 ноября 2014 г.

Калоғҳо
чӣ сафеданд
дар қиёс бо

сиёҳии дили  мардум...
Туро бо абри саргардон сурудам,
Ва ҳам бо майсаи найсон сурудам.
Тамоми ҳастиам як қатра борон,

Туро бо қатраи борон сурудам....
Ончунон дар хештан гум гаштаам,

То  наҷӯӣ  аз куҷо пайдо  шавам?
Хастаам аз хештан аз дигарон,

Сояам бар ман гаронӣ мекунад.
Қасам додӣ ба ишқат нуқта монам
Қасам нашкастаму се нуқта мондам...
Ба дӯстам Шаҳноз Комилзода


Роҳ меравӣ
меравад Роҳ ҳамраҳи Ту
Ту роҳ мешавӣ

роҳ Ту
Бо Ту
 ҳатто вақте чашмонамро мебандам

чаҳон РАВШАН аст!

***

Ин ҷо
донаҳо  рӯиданро,
дарахтон сабз шуданро,
парандагон  париданро,
дарёҳо  ҷорӣ шуданро,
қуллаҳо  сар кашиданро,
шерон  шер буданро,
бурдаанд аз ёд...
Ин ҷо хушкида
ханда дар лабҳои шақоиқ,
табассум фирор карда
аз лабони тифлон.
Ин ҷо
ҳама бемор,
ҳама бешавқ,
ҳама бешӯр,
Ин ҷо мардум равон
мисли гӯрҳои гардон*,
ин ҷо
ранги қабристон ...
Ин ҷо
як даҳон
як даст дуоянд ҳама!
Худовандо,
ту ки мебинӣ,
Худовандо,
ту ки мешунавӣ!
Пас шиква аз ту
пеши кӣ барем?
*ишора ба байти Симини Беҳбаҳонӣ:

Ин ки бо худ мекашам ҳар сӯ мапиндорӣ тан аст,
Гӯри гардон асту дар ӯ орзӯҳои ман аст.