Вақте
мекашӣ сар
аз жарфи як шеър
як тарона
як мусиқӣ
атрофро
пур мекунӣ аз шавқ
аз меҳр
аз ишқ .
Вақте
мебарӣ сар
бар жарфи як шеър
як тарона
як мусиқӣ
шеърро
таронаро
мусиқиро мекунӣ шавқбору
меҳрдору
ишқсор .
Боз
на як ҳамдил
на як ҳамроз
боз меоварам
ба дари Танҳоӣ
рӯи ниёз
зону мезанам
пеши пайкарааш
ба намоз
боз
рӯи ниёз
гузориши намоз
гӯиши роз
бо Сӯзу Соз
бо сӯзу гудоз....