Роҳ нест
в аз ғами набуданаш
даруни сина
оҳ нест
то сар бидиҳамаш
то пар бидиҳамаш
ки ғамро
зери парҳош
барад аз тан
барад аз ман.....
Оҳ нест
ва то марзи Оҳ
маро нест роҳ
вторник, 29 марта 2011 г.
Дар оина нигаристам:
он чӣ мехостам
дар он бубинам
надидам
оинаро шикастам:
шикастапораҳо
хости маро
бар ман намуданду ман
ба пораҳои шикаста
дил бастам
ШУДАНӢ Ё НАШУДАНӢ
Эй қаҳрамони хобҳои ман
хуҷаста бод
омад- омади Ту
ба Сарзамини Бедорӣ
аз Хобмарз
Таронаи сабз
Дар оғӯши сабзи баҳор
чандин мард
бо чандин нигор
доранд ҳарфи сабз мезананд
аз ишқи сабзашон
баъд:
баъди навозиши сабз
бо дасту бозувони сабз
меоғзанд "ҷанги" сабз
ва ғарқа мешаванд
дар баҳри сабзи як лаззати сабз.....
ва чанд лаҳза дар ун сабзҳангом
оҳу воҳи сабз мепечад
дар ҳаво:
сабз
сабз
сабз
Бояд буд
интизор
то лаҳзаҳои обастан
чи оваранд
ба бор
Шаб
сояест
аз мӯи сиёҳи
анбӯҳи ту
ва андӯҳи ман
Шабона
фазо:
миёни Рӯху Танам-
аз мусики пур:
нима аз мусиқии Гомхои худ
нима аз мусиқии Гомхои вай
ки ба гӯш мерасид
зи дур
Сукут гузашта
вазнашро
бар сари ман
бар тани ман
бар дили ман
мегузорад
Вазни сукут
сарамро
танамро
диламро
мефишорад
Харфе ку
к-ин вазнро
аз дили ман
аз тани ман
аз дили ман
бардорад?
Таронаи Орзу
Ҳар рӯзро
ба орзуи ЯК РӮЗ
шаб мекунам
ва ҳар шабро
ба орзуи ЯК ШАБ-
рӯз