суббота, 17 декабря 2011 г.

Мешавад ин лаҳза дил хандони Ту,
Баъд аз ин дасти ману домони Ту.
Ман набурдам сар ба фармони касе,
Мебарам з-ин пас фақат фармони Ту.
Борҳо паймони худ бишкастаам,
Нашканам боре вале паймони Ту.
Мекунӣ ҳар зарраеро офтоб,
Ман наям як заррае ҳайрони Ту.
Ҷони ман дар туву ту дар ҷони ман,
Гаштаам ҳамрӯҳи ту, ҳамҷони Ту
Меситонам коми худ аз ошиқӣ,
В-он гаҳе худро кунам қурбони Ту. 






































































































































Комментариев нет:

Отправить комментарий