шеъргуна
вторник, 17 июля 2012 г.
Рафтан истодан нест,
Истодан рафтан аст,
фақат ба
пас,
фақат
ба
ақиб....!
Ба суроғи ман меоӣ?
Як ҷом биёр,
Як ҷом шеъри ноб!
Дидам ба хоб
ки офтоб
маро медид хоб...
Мехост ман бошад..
Бедор шудам
лабрез аз зиндагӣ…..
пятница, 25 мая 2012 г.
Ҳайкугуна
Ман аз Ту менависам,
Тамоми м
ан оҳиста-оҳиста Ту мешавад..
Биё, то туро бо Ту ошно кунам!
Ҳайкугуна
Мегурезанд рангҳову тобишҳо,
Аз қолаби тасовираш...
Тасвиргаре ҷавон!
Ҳайкугуна
Тамоми шаб нахуфтам.
Интизор будам,
Таваллуди шабнамро.
суббота, 21 апреля 2012 г.
Мебарам туро,
болотар аз хонаи Худо,
то ба хонаи Ишқ!!!
Следующие
Предыдущие
Главная страница
Подписаться на:
Сообщения (Atom)