четверг, 13 ноября 2014 г.

***

Ин ҷо
донаҳо  рӯиданро,
дарахтон сабз шуданро,
парандагон  париданро,
дарёҳо  ҷорӣ шуданро,
қуллаҳо  сар кашиданро,
шерон  шер буданро,
бурдаанд аз ёд...
Ин ҷо хушкида
ханда дар лабҳои шақоиқ,
табассум фирор карда
аз лабони тифлон.
Ин ҷо
ҳама бемор,
ҳама бешавқ,
ҳама бешӯр,
Ин ҷо мардум равон
мисли гӯрҳои гардон*,
ин ҷо
ранги қабристон ...
Ин ҷо
як даҳон
як даст дуоянд ҳама!
Худовандо,
ту ки мебинӣ,
Худовандо,
ту ки мешунавӣ!
Пас шиква аз ту
пеши кӣ барем?
*ишора ба байти Симини Беҳбаҳонӣ:

Ин ки бо худ мекашам ҳар сӯ мапиндорӣ тан аст,
Гӯри гардон асту дар ӯ орзӯҳои ман аст.


воскресенье, 15 декабря 2013 г.

суббота, 14 декабря 2013 г.

Чӣ инқилобҳое
ки дар  ман мегузаранд.
Чӣ инқилобҳое ки сар нозада
хомӯш мешаванд
Чӣ инқилобҳое
ки хомушанду аз нав сар мезананд.

Чӣ инқилобҳое!...
Аммо ман дар интизори
Як Инқилобам
ки таъхир мекунад
ва чӣ дер мекунад....