суббота, 14 декабря 2013 г.


Дӯстат дорам
барои ҳарфҳои нагуфтаат.
Дӯстат
дорам барои таронаҳои носурудаат
Дӯстат дорам
барои шеърҳои нонавиштаат...
Дӯстат дораму медонам
ки обастани як шоҳкорӣ.
Ва дар интизорам

ки мелоди Шоҳкорро ба ту , ба худам табрик бигӯям!

Бисту чанд сол аст
ки хобҳои ҳиндӣ намебинад
Ҷумҳурии ман....

Охирин
ҳарфи Одам
ин буд:
"Зиндагӣ
бо Ҳавво

 ширин буд."
Морони китфи Заҳҳок
сахт гуруснаанд...
Мағзе намондааст!