шеъргуна
четверг, 9 августа 2012 г.
Инқилоби вожаҳо
Атри танатро дидам,
Дасти навозишатро шунидам,
Акси ишқбозиамонро бӯидам..
Худоё, ин чӣ инқилобест
дар хотироти ман!
Вожаҳо дар ҷои худ нестанд!
Вожаҳо исён доранд!
вторник, 17 июля 2012 г.
Рафтан истодан нест,
Истодан рафтан аст,
фақат ба
пас,
фақат
ба
ақиб....!
Ба суроғи ман меоӣ?
Як ҷом биёр,
Як ҷом шеъри ноб!
Дидам ба хоб
ки офтоб
маро медид хоб...
Мехост ман бошад..
Бедор шудам
лабрез аз зиндагӣ…..
пятница, 25 мая 2012 г.
Ҳайкугуна
Ман аз Ту менависам,
Тамоми м
ан оҳиста-оҳиста Ту мешавад..
Биё, то туро бо Ту ошно кунам!
Ҳайкугуна
Мегурезанд рангҳову тобишҳо,
Аз қолаби тасовираш...
Тасвиргаре ҷавон!
Ҳайкугуна
Тамоми шаб нахуфтам.
Интизор будам,
Таваллуди шабнамро.
Следующие
Предыдущие
Главная страница
Подписаться на:
Сообщения (Atom)