шеъргуна
суббота, 17 декабря 2011 г.
Роҳи дил
Бисёр
Раҳ ҷуста ,ёфтаам
раҳ дида, паймудаам
Ин бор
Раҳгум задаам ...
Эй ёр
Роҳи дилат ку ?
четверг, 15 декабря 2011 г.
Китоби Сурхи ишқ
Ҳамрадифи ошиқони дерин
,
мисли Вомиқ ,мисли Узро
мисли Хусрав, мисли Ширин ,
мисли Вис мисли
Ромин....
будаанд
кам,
мондаанд
кам...
Дарёб маро ,
ҳоло ки дер нест
ман ҳам
дар Китоби
Сурхи ишқам .
среда, 14 декабря 2011 г.
Тухми некӣ -
бикорем!
Решаи
бадӣ
барканем!
Барои ин кор
,
моро
тамоми фасл -
фасли баҳор!
Рӯ
и
қ
абри хотиротат
катибае бигзоштам
р
ӯ
и ин катиба
ин
ҳ
арф
ҳ
оро бингоштам
:
"
Ту хамон
ӣ,
ки хотири маро надошт
ӣ
Ин манам
,
ки
хатто
хотироти мурдаатро пос доштам!
”
Шеъри зинда
Биё
ва пухта кун шеъри хоми маро,
Биё
ва пурра кун шеъри нотамоми маро.
Ту худ шеърӣ !
Зиндатарин шеър!
Чи гуна мешавад
Туро дар шеъре ҷо дод???
вторник, 6 декабря 2011 г.
БОЯД:
шоядҳои бемадорро
зиндабагӯр кард
ва дар марзи сина
шинонд
ниҳоли "бояд "-ро!
среда, 30 ноября 2011 г.
ЗИНДАГӢ:
як шикор аст-
шикори умр
МАРГ:
низ шикор аст
шикори зиндагӣ
Следующие
Предыдущие
Главная страница
Подписаться на:
Сообщения (Atom)