четверг, 28 июля 2011 г.



Пӯсидаанд
сутунҳои осмон
ва сақфи он
                     роғдор гашта
деворҳо
ранги хеш бохта
                     доғдор гашта...
Ва "меъмори осмон" *
ба таъмири он
таъхир мекунад.
Мо фикр мекунем:
"Шояд Ӯ пир шуда"
Ё Ӯ фикр мекунад;
'Шояд ба таъмир
дигар дер шуда"

* меъмори осмон - таъбири Нодири Нодирпур

Комментариев нет:

Отправить комментарий