понедельник, 11 июля 2011 г.

       
Хамёзаи дарахт : баҳор : пас аз борон:


шохаҳо
аз бозувони худ
қатраборонҳоро афшонданд
баргҳо
аз дӯши худ
лойшуда гардҳоро афтонданд
навдаҳо
қомати худро
рост карданд
муғҷаҳои таршуда ба худ ларзиданд
шукуфаҳои мурда
аз андоми дарахт
                             сарозер шуданд
...Ва дарахт оҳи сабуке кашид...

Комментариев нет:

Отправить комментарий