ТАСВИР: ЧАНД ЛАҲЗА ДАР ТАНҲОӢ
1
Хона
Ман + Ман
ногаҳ эҳсос мекунам:
"Бояд бирақсам.Бояд бирақсам.Бояд бирақсам."
Ва ман мехезаму
меоғозам бехудона
чархидану чархидан
ё рақсидан
2
Ин рақс нест:
як ҳаракат аст:
орому кунд
ё тезу тунд
ё рақс аст?
3
Ва рақсида
ё кунду тунд ҳаракатида
мекушоям даҳонамро
ва мебароянд аз он садоҳо:
аз ҳамсадоҳо
аз садонокҳо
ва дар якҷоягӣ,
садоҳо:
пасту баланд
кӯтаҳу дароз
хурду калон
хушку тар
нарму сахт
ҷарангдору беҷаранг
маънидору бемаънӣ
ва ман садо бароварда
мечархаму мерақсам
мерақсаму мечархам....
4
Хастагӣ бар ман чира мешаваду менишинам
нафасамро медароварам ба назм
5
"Ӯ кӣ буд?"
"Ки буд ки рақсид
чархид
ё садо баровард?"
аммо ман намедонам
намедонам ман
ки ман будам ӯ ё....
Комментариев нет:
Отправить комментарий