пятница, 25 мая 2012 г.

Ҳайкугуна


Ман аз Ту менависам,
 Тамоми ман оҳиста-оҳиста Ту мешавад..
Биё, то туро бо Ту ошно кунам!
Ҳайкугуна


Мегурезанд рангҳову тобишҳо,
Аз қолаби тасовираш...
Тасвиргаре ҷавон!
Ҳайкугуна


Тамоми шаб нахуфтам.
Интизор будам,
Таваллуди шабнамро.