шеъргуна
суббота, 10 сентября 2011 г.
Нерӯе бояд
ногуфтанӣ
то бошӣ озод
мисли бод
аз худу
аз дигарон
Пурранг
домони дунё:
чашмхуртарин ранг
ё сафед
ё сиёҳ
БЕНОМ
Қариби субҳ
орому осуда
беашк
худ бехабар
бо кадом як тобуте
хобҳои мурдаро
бурдаам
дар қабристони Хотира
гӯрондаам....
Субҳ
рӯи қабри хобҳо
аз Шабаҳ -Дарахт
гузоштам асо
Чошт
кам- кам Шабаҳ- Асоро
мекашид қабр ба коми худ
Шом
Асо- Шабаҳ
худ худро бикард гӯр....
ФОСИЛА
Дур нест
Дер нест
ки одамон
маскан гузинанд дар осмон
в- он гаҳ худоён
гиранд раҳ
ба дигар кайҳон
Андӯҳи наққош
нишастааст:
мекашад нақш
мекунад пора
зери лаб:
"Ҳазорон сол ангораи Ӯ
мезанад чарх
дар хаёли мардум
ҳазорон сол ӯст бо мардум
аммо ҳеҷ наққоше натавониста
кашидан нақши ӯро "
ва боз зери лаб :
"Ту агар наққоши бузургӣ
боядат нақши Худоро бикашӣ!"
вторник, 6 сентября 2011 г.
Ба шаҳри ошиқон ман мешавам мир,
Зи ишқи дилбарон ман мешавам пир.
Туӣ мақсуд, камон ишқ асту ишқ аст,
Барои ин камон ман мешавам тир.
Следующие
Предыдущие
Главная страница
Подписаться на:
Сообщения (Atom)