шеъргуна
четверг, 13 ноября 2014 г.
Калоғҳо
чӣ сафеданд
дар қиёс бо
сиёҳии дили мардум...
Туро бо абри саргардон сурудам,
Ва ҳам бо майсаи найсон сурудам.
Тамоми ҳастиам як қатра борон,
Туро бо қатраи
борон сурудам....
Ончунон дар хештан гум гаштаам,
Т
о
наҷӯӣ аз куҷо пайдо шавам?
Хастаам аз хештан аз дигарон,
Сояам бар ман гаронӣ мекунад.
Қасам додӣ ба ишқат нуқта монам
Қасам нашкастаму се нуқта мондам...
Ба дӯстам Шаҳноз Комилзода
Ро
ҳ меравӣ
меравад Роҳ ҳамраҳи Ту
Ту роҳ мешавӣ
роҳ Ту
Бо Ту
ҳатто
вақте чашмонамро мебандам
чаҳон РАВШАН аст!
Предыдущие
Главная страница
Подписаться на:
Сообщения (Atom)